Омодагии иншооти хоҷагии коммуналӣ ба зимистон
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷумҳурӣ барои ба шароити зимистон омода кардани иншооти хоҷагии коммуналӣ ва фонди манзил тадбирҳои муайян андешида мешаванд. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ таъмири 52 дегхонаи гармидиҳиро ба нақша гирифта буд. То имрӯз 27-тои ин дегхона аз таъмир бароварда шудааст, ки баробари 52 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.Дар давоми соли ҷорӣ ҳамчунин иваз намудани 95,5 км шабакаҳои гармирасонӣ дар назар аст. Дар асл то 1-уми октябр ҳамагӣ 21,3 км шабакаҳои гармирасонӣ иваз шудааст, ки он баробари 22,3 фоизи нақша мебошад. Дар ин давра аз 7,7 км қубурҳои садамавӣ 3,1 км ё 40,2 фоизашон иваз карда шудааст. Дар соли ҷорӣ инчунин таъмири 316 боми биноҳои баландошёна пешбинӣ шудааст, ки аз он ҳамагӣ 273 бом таъмир гардидааст.Дар сурате, ки дар пойтахти кишвар таъмири дегхонаҳо 87 фоиз, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ -82,9, қубурҳои садамавӣ -64,5 ва таъмири бомҳо 76,4 фоизро ташкил медиҳад, чӣ ҷойи гила аз дигар вилоятҳою минтақаҳои ҷумҳурист, ки дар шароити боз ҳам номусоидтар қарор доранд. Чун дар давоми 9-10 моҳи соли ҷорӣ ин иншоот ба зимистон омода нашуд, дар давоми як моҳи охир чӣ гуна метавон гуфт, ки омодагӣ ба зимистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хуб аст?








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






