Омодагии ширкати «КОНЧАР» ба ҳамкорӣ
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – 12 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Лариса Кислякова бо намояндагони ширкати «КОНЧАР» — и Хорватия баргузор гардид.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони мулоқот имконияти ҳамкорӣ дар бахши энергетикаро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни сӯҳбати судманд аҳд шуд, ки ҳамкории Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо ширкати «КОНЧАР» вусъат дода шавад.Ширкати «КОНЧАР» ба тавлиди нерӯи барқ ва таҷҳизоти дахлдори нерӯгоҳҳои барқӣ машғул буда, ҳамчунин сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ ва таҷдиду тармими онҳоро ба ӯҳда дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






