Орди Қазоқистон қиммат шуд?
Душанбе, 23 ноябр, (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова) .- Тибқи иттилои масъулини Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 251 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20% зиёд мебошад. Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар мегӯянд, ки афзоиши воридоти орд ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки нархи он боло рафтааст. Ба иттилои сарчашма, тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши орди истеҳсоли Қазоқистон ба назар мерасад: «Дар қиёс бо нархҳои моҳи ноябри соли гузашта нархи як халта орд 23 дарсад боло рафтааст. Яъне, моҳи ноябри соли гузашта як халта орд 125 сомонӣ арзиш дошт, имрӯз ин рақам баробари 160 сомонӣ мебошад». Гарон шудани нархи орд аз ҷониби муштариён низ тасдиқ шудааст. Ба гуфти онҳо, имрӯзҳо як халтаи онро бо арзиши зиёда аз 170 ва наздик ба 175 сомонӣ аз бозорҳо дастрас менамоянд. Як халта орди истеҳсоли Қазоқистон дар бозорҳои пойтахт-«Саховат», «Шоҳмансур» , «Деҳқон» ва бозори «Варзоб» 160 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст,- гуфта шудааст дар сомонаи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдо.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






