«Ороиш» ва «Агроимпекс» ба фаъолият шуруъ карданд
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара 2 корхонаи нав ҶММ «Ороиш» ва ҶММ «Агроимпекс» бо ҷалби сармояи дохилӣ ба фаъолияти озмоишӣ шуруъ карданд. ҶММ «Ороиш» корхонаи хурди истеҳсоли гилмоя ва гаҷи сохтмонӣ буда, иқтидори истеҳсолии он 1300 тонна гаҷ ва гилмояро дар як сол ташкил медиҳад.Дар айни замон 11 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, дар ояндаи наздик иқтидори истеҳсолии корхона зиёд мешавад ва шумораи коргарон ба 18 нафар мерасад.Ҳамчунин аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии ҶММ «Агроипекс» дар як сол истеҳсоли 15 ҳазор метри мукааб қуму шағалро ташкил медиҳад. Дар он истеҳсоли тахтасангҳои роҳрав ва блокҳои сементӣ низ дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






