Овозхони маҳбуб – машшоқи мумтоз
Турсунзода, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар толори шуъбаи фарҳанги шаҳр 25-солагии фаъолияти эҷодии овозхони хушадо Ҳабибулло Кенҷаев баргузор гардид. Дар ҷамъомад дўстдорони санъати волои ин ҳунарманди мумтоз ҷамъ омада буданд. Дар маҳфили бошукуҳ ҳофизони дўстдоштаи мардум Ҳоҷӣ Ҳусайни Насриддин, Комилҷон Ғаниев, Шамсиддин Муҳиддинов, Каримҷон Назаров, шоирон Ҳидоятуллоҳ Раҳмонӣ, Абдуҳамид Самадзода, Абдуқаҳҳори Қосим ва дигарон суханронӣ намуда, ба ҳунари Ҳабибулло Кенҷаев баҳои баланд доданд. Аз ҷумла зикр шуд, ки Ҳабибулло Кенҷаев аз иҷрои ғижжак, ки навохтани он аз ҳунарманд истеъдоди нотакрор талаб дорад, бо сарбаландӣ мебарояд ва бо оҳангу сурудҳои пурмазмун дар дили халқ роҳ ёфтааст.Боиси таъкид аст, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ бо ташаббуси мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр Аҳмадҷон Маҳмудов зуд-зуд баргузор мегардад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






