Паҳлавонони тоҷик дар Минск соҳиби медал шуданд
Душанбе, 12-ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Аз 9-ум то 11-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Минск мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои рамзӣ ё ҷангӣ баргузор гардид. Дар он варзишгарони 64 давлати дунё ширкат варзиданд. Паҳлавонони тоҷик низ дар ин мусобиқаи варзишӣ иштирок карда, соҳиби се медал гаштанд. Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни то 57 кг қувваозмоӣ карда, соҳиби ҷои дуввум ва медали нуқра гашт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Низомиддин Охиров дар вазни то 62 кг дар ҷойи севвум қарор гирифт ва медали биринҷиро сазовор шуд. Айниддин Қурбонов дар сабқати самбои рамзӣ медали сеюми Тоҷикистонро ба даст оварда, дар вазни то 52 кг сазовори ҷои дуюм шуд ва соҳиби медали нуқра гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






