Пахта – ашёи пурқиммат
Турсунзода, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Турсунзода ҷамъоварии пахта босуръат идома дорад. Ба наздикӣ деҳқонони хоҷагии «Намуна», ки яке аз хоҷагиҳои пешқадам маҳсуб мешавад, аз иҷрои нақша мужда расонданд. Деҳқонони хоҷагӣ зиёда аз 480 тонна пахта ҷамъ оварданд, ки 30 тоннаи он илова ба нақша аст. Тавре ки раиси хоҷагии мазкур Саъдулло Ишмирзоев зикр кард, деҳқонон азм доранд, ки тамоми ҳосили боқимондаро ба пуррагӣ ҷамъ оваранд.Ҳоло хоҷагиҳои «Ҳақиқат», «Экспресс», «СНД» илова ба нақша пахта месупоранд.Умуман деҳқонони ноҳияи Турсунзода азм доранд, ки имсол зиёда аз 6590 тонна пахтаи аълосифат ҷамъ оваранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






