Парчами Тоҷикистон-рамзи соҳибистиқлолӣ
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ, аз қабили машварату семинар ва мизҳои мудаввар, вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои низомӣ дар мавзӯи «Парчами давлатии Тоҷикистон-рамзи соҳибистиқлолии кишвар» ва мусобиқаҳои варзишии гуногунро доир менамояд.Дар доираи чорабиниҳои ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидашуда вохӯрии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов бо донишҷӯён ва устодони чанде аз макотиби олии кишвар сурат мегирад.Аз ҷумла, баргузории вохӯриҳои М. Неъматов бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 21 ноябр соати 13:00, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 22 ноябр соати 14:00, Донишкадаи давлатии забонҳо 23 ноябр соати 12:00 дар назар аст. Ҳадаф аз баргузории вохӯриҳо дарки бештари ҷавонон аз вазъи имрӯза ва эҳсос намудани масъулият ҷиҳати гиромидошти муқаддасоти миллӣ, омӯзиши илму донишҳои замонавӣ ва бад-ин васила мусоидат намудан ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангист.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






