Пешбурди фаъолияти Академия дар заминаи 77 мавзӯъ

Ноябрь 20, 2012 09:50

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавассути фаъолияти 428 ходими илмӣ, аз ҷумла 25 доктор, 128 номзади илм,6 академик ва 9 аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) дар давоми моҳҳои январ-ноябр дар заминаи 77 мавзӯи илмию таҳқиқотӣ корҳои зиёд анҷом пазируфт,- иброз дошт саркотиби Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Давлатҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар». Фаъолияти Академия барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи таъминоти илмии кишоварзии Тоҷикистон равона шудааст. Дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз рӯи барномаҳои тасдиқгардида дар филиалу озмоишгоҳ, пойгоҳҳои илмию хоҷагиҳои таҷрибавии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ амалӣ гардида, натиҷаҳои муайян ба даст оварда шудааст.-«Ҳоло дар сохторҳои академия 6 пажӯҳишгоҳи илмии соҳавӣ (зироаткорӣ, боғдорию сабзавоткорӣ, хокшиносӣ, чорводорӣ, ветеринарӣ, иқтисодиёти кишоварзӣ), Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Озмоишгоҳи таҷрибавии кишоварзии Помир ва Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ» шомиланд, ки ҳар кадоми онҳо аз рӯи соҳаи худ фаъолиятҳои илмию таҳқиқотиро анҷом медиҳад»,- афзуд саркотиби Академия Давлатҷон Комилзода.

Ноябрь 20, 2012 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад