Пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова).- Дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории Шӯрои тандурустӣ дар назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё «Дар бораи ҳамоҳангсозии чорабиниҳои назорат ва пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ» баргузор гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи навбатӣ таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов сурат гирифта, дар он масъалаҳои бемориҳои саратон, диабети қанд ва осеббардорӣ муҳокима шуданд. Дар ҷаласа намояндагон аз Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки иштирокдорони ҷаласаи корӣ лоиҳаи Созишномаи пешгирии сабабҳои бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар доираи ҳамкориҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро таҳия карда, барои баррасӣ ба тарафҳо пешниҳод намуданд. Дар назар аст, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои тандурустӣ дар назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 10 декабри соли равон дар шаҳри Маскав баргузор шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






