Пешгирии интиқоли маводи мухаддир
Душанбе, 2 ноябр . (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри №2954 самти Душанбе -Екатаринбург кормандони гумруки фурудгоҳи ш. Душанбе яке аз мусофиронро бо гумони интиқол додани маводи мухаддир гумонбар донистанд. Тавре ки Абдурахими Умариён Сардори Шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, мусофири гумроҳ як миқдор маводи шубҳаноки монанд ба навъи героинро дар дохили пойафзоли худ пинҳон карда, бар замми он миқдори зиёди капсулаҳоро бо роҳи фурў бурдан дар меъдааш низ ҷой мекунад. Ҳолати аз ҳама ташвишовар он буд, ки ҳаҷми ҳар як дона капсулаҳои истеъмолнамудаи ин мусофир ниҳоят калон ва вазни он то 7 грамм буд. Дар натиҷаи ташхиси махсус муайян гардид, ки маводи мухаддири боздоштшуда навъи героин буда, вазни умумии он 1кг 241,2 грам мебошад.Нисбат ба ин ҳодиса мутобиқи моддаҳои 32 кисми 3, 289 қисми 2 ва 200 қисми 4-и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






