Посбонгоҳҳои нави сарҳадӣ
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ду посбонгоҳи нави сарҳадӣ мавриди истифода қарор гирифт.Тавре ки сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, 6 ноябр бо иштироки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуддин Ятимов, фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ Шералӣ Мирзо ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзен М.Эллиот маросими ифтитоҳи посбонгоҳҳои сарҳадии «Оқмазор» ва «Сайёд» баргузор гардид.Посбонгоҳҳои нави сарҳадӣ бо мадади молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ сохта ва ҷиҳозонида шудаанд.








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






