Рӯзи Конститутсия таҷлил мешавад
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил мегардад. Аз рӯзи қабули Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 сол сипарӣ шуд. Конститутсия бо раъйдиҳии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул шуда буд. Мувофиқи хабари Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, тибқи қонуни ҶТ дар бораи «Рӯзҳои ид дар Тоҷикистон» 6 ноябр рӯзи истироҳат аст. Мувофиқи анъана дар ин рӯз дар боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳри Душанбе сайругашти оммавӣ ва консертҳои ҳунарпешагон баргузор мешаванд. Дар ин рӯзҳо майдону хиёбонҳои шаҳри Душанберо парчаму шиорҳо бахшида ба Конститутсияи кишвар оро додаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






