Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ ва мубориза бо бемории СПИД ва созмонҳои байналмилалӣ 1 декабр дар Тоҷикистон рӯзи умумҷаҳонии мубориза бо СПИД бо чорабиниҳои гуногун қайд карда мешавад. Дар ин бора аз Вазорати тандурустии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ мувофиқи нақша якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор бахшида ба ин маърака тадбирҳои гуногун меандешад. Дар мактабу донишкадаҳои олӣ дар мавзӯи ҷилавгирии СПИД сӯҳбатҳо гузаронида, озмунҳои варзишӣ ташкил карда мешаванд.Қобили зикр аст, ки Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо СПИД мутобиқи қарори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Маҷмаъи Умумии СММ ҳамасола 1 декабр таҷлил мешавад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






