Раддияи Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ихтилофоти сохтмончиёни иншоотҳои олимпии шаҳри Сочиро рад намуд. Хотирнишон месозем, ки, 6 ноябр дар як қатор васоити ахбори омма хабарҳо дар бораи моҷарои байни коргарони иншоотҳои олимпии шаҳри Сочии Федератсияи Русия пайдо гардиданд. Масалан, тибқи хабари «vesti.ru», коргарон дар пойтахти Бозиҳои олимпии соли 2014 задухӯрд ба миён оварданд, ки дар он гӯё қариб 240 нафар сокинони Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар робита бо ин, Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия якҷоя бо раиси ҷамоаи тоҷикони шаҳри Сочи Фаррух Миров ин иттилоотро санҷида, баъди он муқаррар намуданд, ки дар ин хархашаи оммавӣ шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок накардаанд.Дар ин бора аз дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






