«Рики» 4 килограмм маводи нашъаоварро ошкор намуд

Ноябрь 28, 2012 17:06

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварии назди Президенти ҶТ дар ҳошияи амалиёти махсус гурӯҳи ҷинояткорро, ки як миқдор маводи нашъаоварро бо усули қочоқгарӣ интиқол доданӣ буд, дастгир намуданд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар ҳудуди ҷамоати Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ронандаи мошини тамғаи Daevo Nexsia (Дейву Нексиа) сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва мусофири ӯ, сокини ноҳияи Шуғнони ВМКБ – ро дастгир шуданд. Ҳангоми тафтиши автомобил саги хидматии мансуб ба лақаби «Рики» аз дохили чархи эҳтиётии автомобил 8 бастаи селофании дорои маводи нашъаоварро пайдо намуд, ки вазни умумии онҳо қариб 4 килограммро ташкил медиҳад.Шӯъбаи тафтишоти Агентии назорати маводи нашъаовар аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушодааст.

Ноябрь 28, 2012 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш