Рисолати таърихии Иҷлосияи сарнавиштсоз
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фардо дар Душанбе таҷлил мегардад.Ба ин муносибат 16 ноябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона баргузор мешавад. Ба маҷлиси тантанавӣ аъзои ҳукумати мамлакат, вакилони палатаҳои парлумони кишвар-Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аҳли зиёи ҷумҳурӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват гардидаанд. Ҳамзамон 19 ноябр дар вилояти Суғд дар Қасри Арбоб, ки макони баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ буд, маҷлиси тантанавӣ доир мегардад. Бояд тазаккур дод, ки 20 сол муқаддам дар Қасри Арбоб Иҷлосияи 16-уми таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияте, ки дар кишвар муқовиматҳои сиёсӣ идома доштанд, даъват карда шуд. Он то 2 декабри соли 1992 идома ёфт. Рисолати таърихии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ, ки ҳамчун рўйдоди муҳими сарнавиштсоз маҳсуб мешавад, ҷиҳати интихоби Роҳбари давлати Тоҷикистон, аз парокандагӣ эмин доштани миллати тоҷик, бо ҳам овардани нерўҳои сиёсиву иҷтимоӣ хеле бузург аст.








ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






