Рисолати таърихии Иҷлосияи сарнавиштсоз
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фардо дар Душанбе таҷлил мегардад.Ба ин муносибат 16 ноябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борабда»-и Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона баргузор мешавад. Ба маҷлиси тантанавӣ аъзои ҳукумати мамлакат, вакилони палатаҳои парлумони кишвар-Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аҳли зиёи ҷумҳурӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон даъват гардидаанд. Ҳамзамон 19 ноябр дар вилояти Суғд дар Қасри Арбоб, ки макони баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ буд, маҷлиси тантанавӣ доир мегардад. Бояд тазаккур дод, ки 20 сол муқаддам дар Қасри Арбоб Иҷлосияи 16-уми таърихии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияте, ки дар кишвар муқовиматҳои сиёсӣ идома доштанд, даъват карда шуд, ки он то 2 декабри соли 1992 идома ёфт. Рисолати таърихиии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ, ки ҳамчун рўйдоди муҳми сарнавиштсох маҳсуб меёбад, ҷиҳати ба сари қудрат овардани Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон , аз парокандагӣ эмин доштани миллати тоҷик, бо ҳам овардани нерўҳои мухолифу разманда хеле бузург аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






