Роҳбарони парлумонҳо авзои Афғонистонро матраҳ карданд

Ноябрь 23, 2012 14:47

Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«4 декабри соли равон дар пойтахти Қазоқистон -шаҳри Остона мизи мудаввар марбут ба мавзўи Афғонистон гузаронида мешавад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон ҳам даъват мешаванд», зикр кард дар рафти мулоқоташ дар Санкт-Петербург раиси палатаи поёнии парлумони Қазоқистон Нурлан Нигматулин бо ҳамтои тоҷикаш- Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷонибҳо бо баррасии авзои минтақа, ба вазъияти Афғонистон дахл намуда, ба ҷорӣ намудани таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар мавриди ҳалли қазияи Афғонистон таваҷҷўҳ зоҳир карданд. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Тоҷикистон барои Афғонистон ҳамеша ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон боқӣ хоҳад монд ва аз мавқеи ин кишвар дар сатҳи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷонибдорӣ хоҳад кард. Мавсуф таъкид кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори барқарории сулҳу суботи комил дар Афғонистон ва хостори пешрафтҳои чашмраси ин кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони худ аст. Суботи Афғонистон оромии тамоми кишварҳои минтақа буда, рушду пешрафтҳои ин кишвар ба рушду нумўи давлатҳои минтақа низ таъсири мусбат хоҳад расонд. Мо ҷонибдори ҳалли осоиштаи қазияи Афғонистон мебошем,- таъкид кард дар фарҷоми мулоқот Ш. Зуҳуров.

Ноябрь 23, 2012 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад