Роҳбарони парлумонҳои ИДМ дар соҳили Нева ҷамъ омадаанд
Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрўз дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи 38-уми умумии Ассамблеяи байнипарулмонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд. Рўзномаи ҷаласа фарогири беш аз 20 масъала буд. Валентина Матвиенко- раиси Шўрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Русия, ки ҳамзамон раиси Шўрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ аст, гуфт: дар кори иҷлосия ҳайатҳои парлумонҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Украина ва Туркманистон ширкат доранд». Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба дурнамои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои ИДМ дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ, хусусан лоиҳаи қонунҳои моделӣ баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






