Роҳпаймоии идона дар Рўзи Парчами миллӣ

Ноябрь 21, 2012 17:20

Душанбе, 21 ноябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин санаи муҳим шаҳрдории Душанбе баргузории як силсила чорабиниҳои фарҳангиро тарҳрезӣ намудааст. Тибқи он 24 ноябр роҳпаймоии идонаи 8 ҳазору 500 сокини пойтахт бо парчами миллӣ то Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Соати 11.00 –и 24 ноябр дар Майдони Парчами давлатӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар консерти идона баргузор мегардад. Дар ин рўз дар пойтахт мусобиқаи велосипедронҳо дар масофаи 35 километр ташкил мешавад. Ҳамзамон ба ифтихори Рўзи Парчами давлатӣ дар пойтахт баргузории конфронсу нишастҳо, намоиши китобҳо, чопи асару мақолаҳо бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ ба роҳ монда шуда, кўчаву хиёбонҳои пойтахт бо шиору овезаҳо идона ороиш дода мешаванд. Инчунин дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт Парчами давлатӣ насб карда шуда, барои ронандагон нишони сарисинагии парчам тақдим мешавад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, аз се ранг сурх, сафед ва сабз иборат аст. Ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ барои озодӣ ва истиқлолият, сафед – бахту иқболи сафед, покизагӣ ва ранги сабз саъю кўшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сабзу хуррам гардонидани Ватан аст. Дар рӯи рахи сафеди парчам рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира бо зарҳал тасвир шудааст.

Ноябрь 21, 2012 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд