Рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон
Қӯргонтеппа, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Бахшида ба 20 — солагии иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон» дар шаҳри Қӯрғонтеппа нашр шуд. Китоб таърихи давлатдории тоҷиконро то ин замон дар бар мегирад. Тавре ки муаллифи китоб Талбак Хӯҷамардов кайд кард, аҷдоди мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд ва ин анъана то имрўз давом дорад. Китоб барои алоқамандони таърихи халқи тоҷик, хизматчиёни давлатӣ ва доираи васеи хонандагон тавсия мешавад ва бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ба табъ расидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






