СҶТ хостори густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор ва гуфтугӯи худ бо Директори Дафтари аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Жужанна Якаб аз сатҳи ҳамкориҳои ҷониби Тоҷикистон ва СҶТ изҳори қаноатмандӣ кард. Эмомалӣ Раҳмон ва Жужанна Якаб зимни баррасӣ ва таҳлили арсаҳои ҳамкории мутақобили Тоҷикистон ва СҶТ изҳори итминон намуданд, ки ҳамшарикии кунунӣ ва минбаъда ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ, мунтазам ба роҳ мондани чорабиниҳои солимгардонӣ ва ба ин васила таъмини сиҳатии аҳолӣ нақши назаррас хоҳад гузошт. Зикр шуд, ки ду сол қабл маҳз бо ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ин cозмон хуруҷи бемории фалаҷи кӯдакона дар Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд ва ҳоло ҳам дар ин самт СҶТ бо мақомоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар робита аст. Жужанна Якаб пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳадафи аслии сафари худ ба Тоҷикистонро шиносоӣ бо дастовардҳои Тоҷикистон дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва муҳокимаву баррасии стратегияи тандурустӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон қабул карда шуда, барои даҳ соли оянда мавриди иҷро қарор дода шуд, унвон намуд. Тибқи иловаи номбурда дар ин мулоқот инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сил ва вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) дар Тоҷикистон табодули назар шудааст. Гуфта шуд, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷомеаи мададрасон азм дорад, то аз иқдомоти Тоҷикистон дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ пуштибонӣ кунад. «Масъалаи беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла ҳифзи сиҳатии модар ва кӯдак яке аз мавзуоти меҳварии мулоқоти ман бо Эмомалӣ Раҳмон буд»- иброз дошт Жужанна Якаб. Номбурда аз ислоҳоти муваффақонаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки чун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳким ва тақвияти соҳаи тандурустӣ ва беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ ташкил медиҳад, аз ин лиҳоз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ дар навбати худ хостори ҳамкориҳои бештар бо ҷониби Тоҷикистон боқӣ мемонад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






