Сӯҳбати Ҳамрохон Зарифӣ бо Мунир Миралӣ
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 30 октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ намояндаи доимии Созмони Оғохон оид ба рушди Тоҷикистон Мунир Миралиро, бинобар анҷоми мӯҳлати фаъолияташ дар ин мансаб, ба ҳузур пазируфт.Вазири корҳои хориҷии кишвар саҳми Мунир Миралиро дар рушди ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Оғохон ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, ба мавсуф дар фаъолияти минбаъдааш орзӯҳои нек баён кард.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили таҳкими минбаъдаи ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Оғохонро мавриди муҳокима қарор доданд. Тарафайн зимни баррасии натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои Созмони Оғохон дар ҷумҳурӣ перомуни истифодаи имкониятҳои иловагии ҳамкории мутақобила табодули афкор намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






