С. Эллиот: «Интихоби дубораи Барак Обама бо тасмими мардуми Амрико сурат гирифт».

Ноябрь 7, 2012 15:09

Душанбе, 7 ноябр . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- Барак Обама дубора президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоб шуд. Тибқи иттилои шабакаҳои телевизионии Амрико Барак Обама бо соҳиб шудани 275 раъйи маҷлисҳои интихоботӣ бар рақибаш Митт Ромни аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон пирӯз шуд. Ҳамчунин ба ин муносибат имрӯз дар меҳмонхонаи «Hayyat Regency»-и шаҳри Душанбе чорабиние бо иштироки Сюзан Эллиот, сафири Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд. Хонум Сюзан Эллиот дар мавриди интихоби дубораи Барак Обама ба курсии президентӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: «Интихоби Барак Обама бо тасмим ва овоздиҳии мардуми Амрико сурат гирифт ва ин дастгирии мардум имкон дод, то ки ӯ дубора пирӯз шавад». Сафир дар идома афзуд, ки чун ӯ намояндаи Барак Обама дар Тоҷикистон аст, аз ин пас низ барои густариши ҳамкориҳо бо ин кишвар кӯшиш хоҳад кард. Ҳамакнун Барак Обама, президенти Амрико, ки дубора ба мансаби президентӣ интихоб шуд, метавонад барои чор соли дигар дар ин мақом боқӣ монад.

Ноябрь 7, 2012 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд