Сабти барнома дар мавриди вазъи маводи нашъаовар

Ноябрь 1, 2012 15:37

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Намояндагии ширкати «Бритиш Бродкастинг Корпорейшн ВВС» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаеро сабт намуд, ки аз вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон нақл мекунад. Хабарнигорони хадамоти навигариҳои шабакаи зикршудаи радио аз Тоҷикистон боздид намуда, бо кори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ шинос шуданд. Директори Агентии маводи нашъаовар Рустам Назаров бо хоҳиши намояндагии шабакаи мазкур бо хабарнигори «Бритиш Бродкастинг Корпорейшн» сӯҳбат намуд.Рустам Назаров зимни сӯҳбат аз вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистону Афғонистон, ҳамчунин дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар мавриди мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалии мубориза бо маводи нашъаовар ва дурнамои вазъияти минтақа баъди соли 2014 аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хориҷ шудани қувваҳои эътилоф нақл кард.Роҳбари Агентии маводи нашъаовар зикр намуд, ки Тоҷикистон дар амри ташкили мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон кишвари асосӣ буд ва мебошад. Рустам Назаров ба масъалаи ҳамкории хадамоти махсуси давлатамон дар ин самт дахл карда, зикр намуд, ки ин ҳамкорӣ сол аз сол рушду густариш меёбад.Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноябрь 1, 2012 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд