Садамаи марговар дар Суғд
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). -Шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ се садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асоари он як нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ронандаи мошини тамғаи “Дэу Муссо” Маннон Абдулхайров, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар маҳаллаи 31-уми шаҳр ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба девори гардишгоҳ бармехӯрад, ки дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар ин бора аз шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии Давлатии автомобилии Вазорати Корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






