Сафари Рамазон Раҳимов ба Чин

Ноябрь 26, 2012 15:33

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 25 ноябр вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов барои боздиди корӣ ба Чин рафт.Назар ба хабари ВКД ҷумҳурӣ, Рамазон Раҳимов бо роҳбарияти Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин аз рӯи масоили ҳамкории ҷонибҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиталабӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, табодули иттилоот, тарбияи мутахассисон ва густариши ҳамкории сохторҳои байнисарҳадии ду давлат мулоқот анҷом медиҳад. Дар ҷараёни сафари вазир ёддошт дар бораи ҳусни тафоҳуми байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории байнисарҳадӣ имзо мегардад. Вазири корҳои дохилии ҷумҳуриро роҳбари дастгоҳи вазорат Абдураҳим Раҳимов, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД кишвар Маҳмадсайид Сайидов, роҳбари маркази миллии Интерполи Тоҷикистон Ҷамшед Машрабов ҳамроҳӣ мекунанд.

Ноябрь 26, 2012 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад