Сакура — рамзи дӯстии мустаҳками Тоҷикистону Ҷопон
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 10 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон маросими аз номи созмони «Соя» — и Ҷопон супурдани ниҳолҳои дарахтони сакура баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва роҳбари созмони «Соя» хонум Мика Мори ширкат доштанд.Ҳамрохон Зарифӣ ба ҳозирон аз боби решаҳои таърихии дӯстии байни халқҳои тоҷику ҷопон, ки аз Роҳи бузурги абрешим манша мегиранд, перомуни вазъи ҳозира ва дастовардҳои ҳамкории дуҷониба, ёрии бебаҳои Ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон ба рушди маориф, тандурустӣ, инфрасохтор ва ба бахшҳои дигар нақл кард.Сипас Мика Мори дар вазъияти ботантана 100 ниҳоли дарахтони сакураро ба вазир супурд, ки ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии кишвар шинонида мешаванд.Созмони «Соя», ки бо мукофоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ва мукофотҳои гуногуни байналмилалӣ сарфароз шудааст, дар бахшҳои мухталифи фарҳанг фаъолият дорад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






