Сарқонун-бахтномаи миллат
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 18-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Сарқонун-бахтномаи миллат» конфронси илмӣ доир гардид.Конфронсро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон академик Носирҷон Салимов ифтитоҳ намуд. Сипас гузориши ҳуқуқшиноси Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шавкат Неъматов дар мавзӯи «Аҳамияти Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тафовути он аз дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ», гузориши мудири Маркази иттилоотию ҳуқуқии китобхона Мушарраф Ёсинзода ва мутахассиси пешбари маркази мазкур Баҳром Фаррухӣ таҳти унвони «Муаррифии манобеи электронии маркази иттилоотию ҳуқуқии Китобхонаи миллии Тоҷикистон», гузориши муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода бо номи «Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Дар доираи чорабинӣ намоиши китобҳо таҳти унвони «Конститутсия – бахтномаи миллат» низ баргузор гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






