Сарвари давлат ғамхори муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). Ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсии Русия сафари корӣ менамоянд ва дар гузаргоҳи сарҳадӣ варақаи муҳоҷиратиро пур намуда, ҳангоми ба қайди муҳоҷиратӣ мондан таъхир мекарданд ва ё бисёр вақтҳо бо мушкилот рӯ ба рӯ мешуданд. Дар натиҷа муҳоҷири меҳнатӣ аз муҳоҷири расмӣ ба муҳоҷири ғайрирасмӣ табдил меёбад ва аз ҷониби мақомоти тартиботӣ зери таъқиб қарор мегирад. Ҳар сол муҳоҷирони меҳнатӣ баъди анҷоми шартномаи меҳнатии яксола бояд ҳатман сарҳади Федератсияи Русияро убур намуда ва боз ба ин кишвар расман ворид гарданд. Ин ҳам мушкилиҳои зиёдеро барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба бор меорад. Маҳз барои ҳалли ин масъалаҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсии Русия Владимир Путин рӯзи 5-уми октябри соли 2012 дар рафти сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия Ёддошти тафоҳум оид ба иқдом байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират ба имзо расид. Бино ба иттилои сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ тибқи ин Ёддошт тарафҳо мақсаднокии то 1-уми январи соли 2013 таҳия ва имзо расонидани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия, ки иқдоми озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз бақайдгирӣ дар маҳалли будубош ба муҳлати 15 рӯз пешбинӣ менамояд ва то 1 марти соли 2013 таҳия ва ба имзо расонидани шартномаи байналмилалӣ , ки ба расмиятдарории иҷозати кор ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амал баровардани фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ба муҳлати то 3 солро пешбинӣ менамояд, таъкид намуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






