Семинари «Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда»
Душанбе, 9 ноябр (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам) — 13 ноябри соли 2012 шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамшарикии гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ, Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Вазорати молияи ҶТ барои намояндаҳои сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои соҳаи истихроҷкунанда ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба «Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда» (ТШСИ) семинар баргузор мекунад. Ҳадафи семинар дурнамои татбиқи ТШСИ дар Тоҷикистон ва баррасии таҷрибаи Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон дар пешбурди Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда мебошад. Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда (ТШСИ) меъёри қабулшудаи байналмилалӣ буда, ба шаффофияти даромадҳо аз соҳаҳои саноати истихроҷкунанда мусоидат мекунад. Ташаббуси мазкур се аҳамият дорад: ба гирифтани манфиат ба ҳамаи истихроҷкунандагони канданиҳои фоиданок, иттиҳоди хукумату ширкатҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ, меъёри ягонаи маълумот оид ба пардохтҳои онҳо ва ифшои омор аз ҷониби ҳукумат аз истихроҷи нафту газ ва дигар канданиҳои фоиданок мусоидат менамояд. Ҳамин тавр, ТШСИ такмили идораро дар кишварҳое, ки аз канданиҳои фоиданок бойанд, дастгирӣ менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






