Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистон таъсис ёфт
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Котибони матбуотӣ ва роҳбарони хадамотҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии худ – Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ҷамъиятӣ Оинномаи он тасдиқ гардида, раис, ҳайати раёсат ва ҳайати комиссияи тафтишотии он интихоб гардиданд. Раиси Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев – сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба ҳайати раёсати Шӯро Муҳаммадато Султонов – котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фотима Ғоибова – сардори маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ, Саъдулло Раҳматуллоев – роҳбари хадамоти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Гавҳарой Ҳомидова – сардори шуъбаи робита бо ВАО Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Суҳроб Қоҳирӣ – сардори шуъбаи робита бо ҷомеа, ВАО ва муносибатҳои байналмилалӣ, муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ, Усмоналӣ Холиқов – прокурори калони Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва таблиғоти ҳуқуқии Прокуратураи генералӣ, Маҳмудхон Шоев – сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи ҶТ, инчунин Намояндаи Кумитаи садо ва симо шомил гардиданд. Фаррух Малахов (Суди олии ҶТ), Момагул Шодиева (Вазорати молия) ва Каримхон Валиев (Хадамоти алоқа) аъзои комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд. Ба доираи фаъолияти Шӯро мусоидат дар самаранок сохтани кори хадамоти матбуотии вазорату муассисаҳо, фаъолияти касбию эҷодии котибони матбуотӣ, беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, тавсеаи дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва табодули таҷриба дохил мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки дар рӯзҳои наздик ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабти ном намудани созмони ҷамъиятӣ ба Вазорати адлия пешниҳод мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






