Шаҳре дар «Боми ҷаҳон»
Хоруғ, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – 5 ноябри соли ҷорӣ 80 – солагии шаҳри Хоруғ таҷлил мегардад. Соли 1925 дар ҳайати Тоҷикистон Вилояти Мухтори Помир номи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳиро гирифт. Расман ба шаҳри Хоруғ мақоми маркази ВМКБ 25 – уми моҳи октябри соли 1932 дода шуд. Хоруғ соли 1932 ҳанӯз деҳаи кӯчаке буд, ки ҳамагӣ 25 – 35 буна дошт. Танҳо дар соли 2010 дар Хоруғ бунёди варзишгоҳи марказӣ барои 600 ҷои нишаст, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи М. Назаршоев, Кохи ҷавонон, навсозии театри вилоятӣ, бунёди чойхонаи миллӣ, мактаби Президентӣ, хобгоҳи хонандагони мактаби Президентӣ, пул аз болои рӯдхонаи Панҷ ва дар заминаи он таъсис додани бозори муштараки марзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон анҷом дода шуд. Умуман дар даврони истиқлолият дар Хоруғ Донишгоҳи давлатӣ, Пажуҳишгоҳи умумиинсонии АУ ҷумҳурӣ, пойгоҳи илмию тадқиқотии чорвопарварии Академияи кишоварзии ҷумҳурӣ, беморхонаи касалиҳои дил ва гузаранда, Маркази ташхис, 25 маркази табобати бемориҳои гуногун, биноҳои Кумитаи телевизион ва радиои вилоятӣ бунёд гардиданд. Дар 20- соли даврони истиқлолият аз тариқи кулли сарчашмаҳои маблағгузорӣ аз буҷаи давлат ба хотири рушди шаҳри Хоруғ 253 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Дар 10 соли охир бо маблағгузории вазоратҳо, идораҳо ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ дар маркази вилоят ба маблағи 175 миллион сомонӣ 120 иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ ва соли ҷорӣ ба хотири бо оби тоза таъмин кардани сокинони шаҳр 18 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Имрӯзҳо бунёди хобгоҳи дуюм барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, беморхонаи касалиҳои сил, таваллудхона, хонаи истиқоматии 65 ҳуҷрадор ва даҳҳо иншооти дигар идома дорад. Соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ нақшаи генералии шаҳри Хоруғро тасдиқ намуд. Тибқи ин нақша Хоруғ ба яке аз зеботарин шаҳрҳои ҷумҳурӣ табдил меёбад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






