«Шарқи озод» навсозӣ мешавад
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масъалаҳои вобаста ба навсозии Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» ва ҷалби маблағҳои қарзӣ ҷиҳати татбиқи ин лоиҳа дирӯз зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо директори департаменти маблағгузориҳои содиротии «Ландес Бонк»-Берлин Бернд Шмидт баррасӣ гардиданд.Аз кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки лоиҳаи навсозии Комплекси табъу нашри «Шарқи озод» бо мақсади харидории таҷҳизоти замонавӣ барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъидошта ва кортҳои пластикӣ ба маблағи 11,4 млн.евро пешбинӣ гардидааст.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






