Шароити таълиму зисти бепарасторон беҳбудӣ ёфт
Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар самти беҳсозии раванди таълим ва шароити моддию маишии мактаб-интернатҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 мактаб-интернат ба таълиму тарбияи мактаббачаҳо мувофиқ гардонида шудааст. Ба замми ин, таъмири мактаб-интернати низомаш махсуси ноҳияи Ҳисор бо маблағи беш аз 1млн. 200 ҳазор сомонӣ идома дорад.Дар мактаб-интернати ноҳияҳои Рудакӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Нуробод ва Рашт ҷиҳати фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд, дар таълиму тарбияи онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шудааст.Бахусус дар мактаб-интернати кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ, ки дорои 27 синф мебошад, 250 нафар хонандаи синну соли гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудааcт Мактаб-интернати мазкурро дар давоми 20 соли истиқлолият наздик ба 300 нафар хонанда аз рӯи касбҳои сартарош, дӯзанда, геваккаш, гачкор ва рассом хатм намуда, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисос кору зиндагӣ доранд. Ин раванди таълим дар дигар мактаб-интернатҳо низ ба роҳ монда шуда, аз рӯи нақшаҳои таълим ба онҳо касбҳои сартарош, дуредгар, дӯзанда, кафшергар ва қаннод омӯзонида мешавад, ки баъди хатми мактаб-интернатҳо дар зиндагӣ аз он истифода хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






