Шумораи қасрҳои варзишӣ меафзояд
Хоруғ, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар ВМКБ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба хотири рушди варзиш ба бунёди варзишгоҳҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Дар ин давра дар шаҳри Хоруғ, навоҳии Роштқалъа, Дарвоз ва марказҳои дигари навоҳии вилоят варзишгоҳҳои замонавӣ бунёд гардиданд. Имрӯзҳо бунёди чунин варзишгоҳҳо дар макотиби вилоят оғоз гардидааст. Ҳафтаи ҷорӣ дар мактаби миёнаи рақами 2 – и ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз чунин як варзишгоҳи зимистона мавриди истифода қарор дода шуд. Дар он толори гӯштин, волейбол, баскетбол ҳавзҳои оббозӣ мавҷуданд. Тавре ки аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, бунёди чунин варзишгоҳ дар мактаби маркази деҳаи Қалъаи Ҳусейн низ идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






