Сипосгузории Э.Раҳмон ба иштирокдорони Иҷлосияи XVI-ум

Ноябрь 16, 2012 11:56

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар маросими тантанавии таҷлил аз 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз вазъи мураккаби сиёсии замони кашмакашиҳои дохилӣ дар кишвар, ҳисси тарсу ҳароси мардум ва нобоварии эшон аз фардои меҳан ёдовар шуда, иброз дошт: «Маҳз ба шарофати ин иҷлосия мо дар кутоҳтарин муҳлат тавонистем, ки сохти конститутсиониро барқарор намуда, фаъолияти ниҳодҳои пурра фалаҷшудаи давлатдориро аз нав ба роҳ монем. Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идорӣ, Ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид».  Маврид ба зикр аст, ки маҳз дар ҳамин иҷлосия як силсила тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон ворид карда шуданд, ки аз як тараф мутобиқ ба талаботи замони нав буда, аз сӯи дигар барои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузоштанд. Сарвари давлат самараҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишварро натиҷаи якдигарфаҳмӣ, дарки баланди зарурати ваҳдат ва якпорчагии миллӣ аз ҷониби аҳолӣ, махсусан вакилон унвон кард ва гуфт: «Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар ягон иҷлосияи дигар вакилони мардумӣ мисли иҷлосияи шонздаҳум муттаҳид ва фаъол набуданд. Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба ҳамаи ширкаткунандагони иҷлосия ва шахсоне, ки барои баргузор гардидани он кӯшиш ба харҷ додаанд, миннатдории худро баён намоям». Бояд гуфт, ки дар марҳалаи баъдӣ Иҷлосияи 16-ум халқи тоҷикро ба шоҳроҳи ваҳдати миллӣ ҳидоят намуда, ба рушду такомули он такони ҷиддӣ бахшид.

Ноябрь 16, 2012 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад