Сохтмони нақби «Чормағзак» идома дорад
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бинокорони нақби «Чормағзак» то имрӯз масофаи 2 ҳазору 102 метрро пармакорӣ ва 2 ҳазору 44 метрро бетонрезӣ намудаанд. Аз оғози татбиқи ин лоиҳа масофаи 4 ҳазор метр пармакорӣ ва 3 ҳазору 640 метр бетонрезӣ шудааст. Барои анҷом ёфтани бунёди ин нақб бояд ҳамагӣ 430 метр пармакорӣ шавад.Дар ин бора муовини директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи эҳёи роҳи мошингарди «Душанбе – Чаноқ» — и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Абдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони мавсуф, дар ин иншоот беш аз 70 адад техникаи махсус ба кор андохта, 250 нафар фаъолият доранд, ки 92 нафари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳад. Қобили зикр аст, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Чормағзак» масофаи роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат — Кӯлоб нисбат ба масофаи роҳи «Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб» баробари 100 километр кӯтоҳ мегардад. Мувофиқи лоиҳа масофаи умумии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби қарзҳои Чин амалӣ мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






