«Созандагони Ватан» дар Форуми Карелия
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ).- Чанде пеш дар шаҳри Петрозоводски ҷумҳурии Карелияи Федератсияи Русия форуми иқтисодии ҷавонон баргузор гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои мухталифи дунё ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар ин форум намояндаи ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони ватан» Хусрав Дӯстов намояндагӣ кард. Номбурда гуфт, ки дар форум масоили иқтисодии ҷавонони соири кишварҳои дунё мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҳамоиши бошукуҳ намояндагони мамлакатҳои дуру наздик перомуни мушкилот ва паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ҷавонон сухан карданд. Намояндаи Тоҷикистон Хусрав Дӯстов низ роҷеъ ба баъзе аз масъалаҳои вобаста ба ҷавонони кишвар ибрози андеша намуд. Лозим ба ёдоварист, ки намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони ватан» аз замони таъсиси он то кунун ба якчанд кишвари хориҷӣ сафари корӣ анҷом дода, дар ҳамоишҳову ҷамъомадҳои мухталиф ширкат варзидаанд, ки ин аз фаъолияти вусъатноки ин ташкилот шаҳодат медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






