Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Куриё
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ён Ёнг – Ку баргузор гардид.Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷират, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон зимни мулоқот ба масъалаи имзо намудани созишномаи дуҷониба «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» дахл кард.Ён Ёнг – Ку дар навбати худ зикр намуд, ки мактуби расмие дар бораи баррасии масъалаи мазкур дар Вазорати меҳнати Куриёи Ҷанубӣ ирсол доштааст. Мувофиқи суханони сафир, назар ба маълумоти охирин дар Куриёи Ҷанубӣ қариб 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла тоҷирону сармоягузорон фаъолият доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






