Суҳбати вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғзистон
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи сафари кориаш ба шаҳри Токио бо ҳамтои худ — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев сӯҳбат намуд. Вазирон дар ҷараёни сӯҳбат масоили мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла, иншоотҳои энергетикӣ, бунёди иншоотҳои инфрасохторӣ, хатҳои интиқоли барқ, ҳамчунин масоили сарҳадот ва консулиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки ҳамкориро дар ҳамаи соҳаҳои зикршуда рушду густариш хоҳанд дод. Ба манзури ривоҷи ҳамкории дуҷониба пешниҳод шуд, ки байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ мулоқоту гуфтушунидҳои доимӣ анҷом дода шаванд.Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон аз фурсат истифода намуда, ҳамтои худро даъват кард, ки дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо ба манзури татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки охири моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад, ширкат варзад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






