Тақдими унвонҳо ба варзишггарон
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Дилшодаи Хайруллоҳ). — Нимаи дуввуми 21 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо ширкати раиси кумита М. Неъматов маросими қадрдонии теъдоде аз варзишгарону собиқадорон ва мураббиёну кормандон барои хизматҳои шоён дар рушду густариши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо унвонҳои фахрӣ, варзишӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ сурат гирифт.Аз ҷумла, бо унвони варзишии «Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 нафар, унвони варзишии «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 нафар, унвони варзишии «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” 9 нафар, унвони варзишии «Мураббии тахассуси дараҷаи олӣ» 1 нафар, унвони варзишии «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 нафар, унвони фахрии варзишии «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” 6 нафар, унвони фахрии варзишии «Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1 нафар сарфароз гардиданд.Раиси Кумита М. Неъматов зимни дидор аз ташаббус ва таваҷҷуҳи ҳамешагии раисҷумҳур нисбат ба соҳа ва талошҳои пайвастаи касоне, ки барои инкишофи ин соҳа заҳмат мекашанд, ёдовар шуда, таъкид кард, ки маҳз тавассути саъю талошҳо ва кӯшишҳои зиёди абармардони соҳаи мазкур дар бонуфузтарин чорабиниҳои варзишӣ шарафи варзиши мамлакат сол аз сол боло меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






