Тақдири баланди «Равшан»-и Кӯлоб

Ноябрь 30, 2012 12:01

Душанбе, 30 ноябр ( АМИТ Ховар, Аловиддин Бӯриев)-Бори аввал дар таърихи футболи Тоҷикистон дастаи «Равшан»-и Кӯлоб соҳиби унвони чемпиони мамлакат гардид. Футболбозони ин даста дирӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт чемпиони солҳои ахири ҷумҳурӣ -«Истиқлол»-и Душанберо бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дода, дар чемпионати 21-ум, дар ҷамъбаст сохиби ҷои аввал гардиданд. Барои томошои ин бозии нихоят ҷолиб тақрибан 18 000 мухлис ба варзишгоҳ омад. Ҳисоб дар дақиқаи 19-уми бозӣ аз ҷониби Фарҳод Тоҳиров аз дастаи «Истиқлол» кушода шуд ва дере нагузашт, ки яке аз бозингарони беҳтарини ин дидор Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 32-юм ҳисобро баробар кард. Голи дуввумро ҳам ин бозингар дар дақиқаи 60-ум ба дарвозаи истиқлолиҳо ворид карда, «Равшан»-и Кӯлобро аввалин бор ба гирифтани унвони чемпиони Тоҷикистон мушарраф гардонид. Футболбозони дастаи «Равшан» соли оянда бори аввал баъди танаффуси тӯлонӣ ҳамчун чемпион ва «Регари ТадАЗ» чун соҳиби ҷоми Тоҷикистон дар бозихои лигаи дастахои футболи Осиё ширкат меварзанд . Хамин тавр, дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи «Равшан» бо 62, «Регар-ТадАЗ»- бо 61 ва дастаи «Исиқлол» бо 53 имтиёз дар се зинаи ифтихорӣ мавқеъ гирифтандДилшод Восиев («Истиқлол») бо 24 гол нишонзани беҳтарин дониста щуд. Комил Саидов («Регар-ТадАЗ») бо 20 гол ва Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ») бо 18 гол дар ҷойҳои минбаъда қарор гирифтанд.

Ноябрь 30, 2012 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд