Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Беларус
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатова).-Вазъи умумии робитаҳои иқтисодӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои байни ду кишвар аз мавзуъҳое буданд, ки имрӯз дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни вохӯрӣ тарафҳо аз сол ба сол густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта 66,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 167,4% зиёдтар аст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба 60,7 млн. доллар расид ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,9% афзоиш ёфтааст. Дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки ин дастовардҳо ҳанӯз ҳарду ҷонибро қонеъ карда наметавонанд ва дар оянда ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самтҳои мухталифи иқтисод, аз ҷумла соҳаҳои кишоварзӣ ва энергетика, ташкили корхонаҳои муштарак, иштирок дар лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ бояд тақвият бахшид, зикр намуд манбаъ.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






