Таҳқиқи меҳнати кӯдак дар Тоҷикистон
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Дар ҳошияи барномаи «Таҳқиқи меҳнати кӯдак ва гузоштани пояи ҷамъоварии маълумот оид ба меҳнати кӯдак дар Тоҷикистон» тадқиқот гузаронида мешавад. Барнома барои 12 моҳ пешбинӣ шуда ва таҳқиқи интихобӣ дар хонаводаҳои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистонро дар назар дорад. Ин имкон медиҳад, ки барои ба даст овардани маълумот аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти кӯдакон ва наврасони синнашон аз 5 то 17 маълумоти кофӣ ба даст оварда шавад. Тавре ки аз намояндагии Созмони ҷаҳонии меҳнат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи мазкур дар якчанд марҳила амалӣ мегардад. Ҳамаи корҳои марбут ба ин лоиҳа бояд то моҳи июли соли 2013 анҷом дода шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






