Таҳсили кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Имрӯз, 12 ноябр, дар Маркази миллии таълимии сагшиносӣ, ки дар заминаи хадамоти сагшиносии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бунёд шудааст, тренинги якуми сагшиносони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон оғоз ёфт.Тавре ки аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими оғози тренинг роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Хадамоти гумрукӣ, намояндагони сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.Иштирокдорони тренинг хусусияти анатомию физиологии сагон, принсипу қоидаҳои асосии нигоҳубин, ҷилавгирии беморӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ ҳангоми дучори ҳодисаҳои фалокатовар шудани сагони хизматрасонро баррасӣ менамоянд.Курсҳоро сагшиносони Агентии назорати маводи нашъаовар роҳандозӣ мекунанд. Ташкил ва рӯи кор овардани курсҳоро намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ намуд. Тренинг то 23 ноябр давом мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






