Таҷлили ҷашни милитсия дар ҷузъу томҳои ВКД
Душанбе ,9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Бахшида ба Иди касбии кормандони мақомоти милитсия 8 ноябр дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар саҳни шӯъбаи милитсияи шаҳр ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ, он кормандони милитсияе, ки ҳангоми адои хизмат ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба шаҳодат расидаанд, лавҳаи хотира гузошта шуд. Дар маросими кушоиши лавҳаи хотира сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонбеков, раиси шаҳр ва прокурори шаҳри Роғун, ҳайати шахсӣ ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Роғун, полковники милитсия Тағоймурод Саидов, собиқадорони милитсия ва аъзои оилаи он нафароне, ки саробонҳои онҳо ҳангоми хизмат ба ҳалокат расидаанд, иштирок намуданд. Ҳозирин ҳангоми суханронӣ аз фаъолият ва ҷоннисориҳои шаҳидон-собиқ кормандони милитсия ба некӣ ёдоварӣ намуданд. Сипас аз ҳисоби Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳукумати шаҳри Роғун ба собиқадорон ва оилаҳои бесаробон кӯмакҳои моддӣ расонида шуданд. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун аъзои ансамбли «Сомон»-и Вазорати фарҳанг ва «Мавҷи Роғун» бо суруду таронаҳои дилошӯби хеш табъи хозиринро шод намуданд.Дар охир бо фармони вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов як гуруҳ кормандони фаъол, ки бо кӯшишу талошҳояшон натиҷаҳои хуби корӣ нишон додаанд, бо ифтихорномаю раҳматномаҳо ва рутбаҳои навбатии низомӣ сарфароз гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






