Таҷлили Рӯзи хотираи Иттиҳоди миллатҳо

Ноябрь 13, 2012 12:18

Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Бо дастгирии Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон 11 ноябр дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе Рӯзи хотираи Иттиҳоди миллатҳо таҷлил гардид. Дар маросими Рӯзи хотира сафирони Британияи Кабир, Ҳиндустон ва Покистон ҳамроҳи ҳайатҳои намояндагиҳои дипломатии Сафорати Канада дар шаҳри Остона, шаҳрвандони Иттиҳоди миллатҳо, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон ширкат доштанд.Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд Смит ва намояндагони Шӯрои собиқадорони Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон аҳамияти Рӯзи хотираи онҳоеро, ки дар замони ҷанг ҷони худро барои таъмини сулҳу субот қурбон кардаанд, зикр намуданд.Аз соли 1919 инҷониб Шоҳигарии Муттаҳида ва аксарияти кишварҳои Иттиҳоди Британия Рӯзи хотираи низомиён ва шаҳрвандеро, ки дар замони ҷанг зарар дида буданд, ҳар сол 11 ноябр ёд мекунанд.Дар ин бора аз Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноябрь 13, 2012 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад