Таҷлили рӯзи парчами давлатӣ
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз дар Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакону наврасон, воқеъ дар шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат ҷамъомади ботантана бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати аҳли ҳунар ва кӯдакону волидони онҳо доир гардид.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд, наврасоне, ки дар ин марказ табобат мегиранд, бо қироати шеърҳо дар васфи парчами давлатӣ, рангҳову рамзҳои он ба ҳусни ҷаласаи идона ҳусни нав зам карданд. «Дар ин марказ, ки аз соли 2009 фаъолият мекунад, беш аз 2,5 ҳазор кӯдакону наврасон саломатии худро барқарор карданд, — иброз дошт директори марказ Қамариддин Шоев. – Хизматрасонӣ ва табобат дар маркази мо ройгон мебошад. Ҳуҷраҳои маҳсдармонӣ, обдармонӣ, дармони фаросавтӣ, лойдармонӣ, буғдармонӣ, намакдармонӣ, варзишдармонӣ бо мутахассисони ботаҷриба ва кордон дар ихтиёри беморон вогузор шудааст», — илова намуд ӯ.Дар Маркази мазкур кӯдакони гирифтори бемориҳои асаб, узвҳои такяву ҳаракат, бемориҳои нафас табобат мегиранд. Бояд қайд н амуд, ки Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакону наврасон дорои 40 кат буда, дар он шароитҳои хуби табобативу фароғатӣ муҳайёст.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






